alt
Original Language
Tajik
ISBN
978-92-9068-923-2
ISBN (PDF)
978-92-9068-924-9
Number of Pages
240
Reference Number
PUB2021/014/R
Date of upload

09 Feb 2021

Return Migration: International Approaches and Regional Features Central Asia (Tajik)

МУҲОҶИРАТИ БОЗГАШТ: МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ВИЖАГИҲОИ МИНТАҚАВИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Шумо дастури таълимии «Муҳоҷирати бозгашт: муносибатҳои байналмилалӣ ва вижагиҳои минтақавии Осиёи Марказӣ»-ро дар даст доред, ки онро гурӯҳи муаллифон аз шаш кишвар: Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон навиштаанд. Дастури таълимии мо ба муҳоҷирати бозгашт ва одамон – муҳоҷирони бозгашта, ки пас аз кор, таълим ва зиндагӣ дар хориҷа ба хона бармегарданд, бахшида шудааст. Ин мавзӯъ барои дастури таълимии мо тасодуфан интихоб нашудааст. Миқёси муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ хеле зиёд аст: аз 2,7 то 4,2 млн нафар (аз 10% то 16% -и аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъоли аҳолӣ) дар хориҷа – дар Федератсияи Россия, Қазоқистон, Туркия, Ҷумҳурии Корея ва бисёр дигар кишварҳо кор мекунанд. Боз ҳам бештар одамон бо сабабҳои гуногун ба ватан бармегарданд, бо худ дониш, таҷриба, ихтисос, маблағҳои пулӣ меоранд. Муҳоҷирони бозгашт дар рушди сармоя ва захираи иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ саҳми арзанда мегузоранд. Дар китоб мисолҳои истифодаи бомуваффақияти иқтидори муҳоҷирони баргашта дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо, инчунин мушкилоте, ки муҳоҷирони ба ватан баргашта бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, оварда шудааст.

Китоб аз чор фасл иборат аст, ки мушкилоти муҳоҷирати бозгаштро дар маҷмӯъ фаро мегирад. Мантиқи онҳо аз назария ба амалия тавсиф шудааст. Дар фасли аввал «Муҳоҷирати бозгашт дар шароитҳои муосир» ҷанбаи назариявии муҳоҷирати бозгашт, тасниф ва таъриф, мақсад ва вазифаҳои давлатҳо оид ба барномаҳои муҳоҷирати бозгаштро фаро мегирад. Дар фасли дувум, ки «Асосҳои ҳуқуқии муҳоҷирати бозгашт» ном дорад, муҳоҷирати бозгашт дар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва минтақавӣ, асосҳои ҳуқуқии барномаҳои бозгашти ихтиёрӣ ва реинтегратсия (ББИР), инчунин иқтидори КБИР дар минтақа дида мешавад. Дар фасли севум «Пешшартҳо ва вижагиҳои муҳоҷирати бозгашт дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» вижагиҳои демографӣ ва вазъияти муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, сабабҳо ва тамоюлҳои муҳоҷирати бозгашт дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, нишон дода шудааст. Инчунин, саҳми иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-демографӣ ва иқтидори муҳоҷирати бозгашт, масоили мутобиқшавӣ ва ҳамроҳшавии муҳоҷирони баргаштаро инъикос мекунад. Нақши диаспора ва иқтидори онҳо дар муҳоҷирати бозгашт барои минтақаҳои Осиёи Марказӣ дида мешавад. Ниҳоят, фасли «Идоракунии муҳоҷирати бозгашт ва рушди КБИР дар Осиёи Марказӣ» амаликунонии сиёсат ва тартиби муҳоҷирати бозгашт ва ҳавасмандкунӣ ба шуғл ва меҳнатро дар кишварҳои минтақа аз назар мегузаронад. Инчунин, нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар муҳоҷирати бозгашт ва барномаҳои КБИР дар кишварҳои Осиёи Марказӣ равшан месозад.

Дастури таълимӣ саволҳои санҷишӣ ва машғулиятҳои амалиро дар бар мегирад, ки метавон барои тайёрии шунавандагон (донишҷӯён) ва дар ташкили ҷараёни таълим аз ҷониби устод истифода шавад, илова бар ин, истинод ба видеосужаҳо, рӯйхати адабиёти ҳатмӣ ва иловагӣ пешкаш шудааст. Маводҳои дастури таълимӣ аз ҷониби гурӯҳи коршиносон дар рафти таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар ш. Бишкек моҳи апрели соли 2019 озмоиш карда шуданд.

Муаллифони дастури таълимӣ ба Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар Ҷумҳурии Қазоқистон барои ташаббус ва дастгирии пурраи лоиҳаи мазкур миннатдории хоси худро баён мекунанд.

Умедворем, ки дастури таълимӣ барои тайёр кардани хизматчиёни давлатӣ ва донишҷӯён дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва сиёсати муҳоҷират саҳмгузор буда, дар ниҳояти кор ба рушди бомуваффақияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва ташаккули нерӯи инсонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.