Original Language
Tajik
Number of Pages
32
Reference Number
PUB2021/171/R
Date of upload

20 Aug 2021

Migration Governance Indicators Profile 2021 | Republic of Tajikistan (Tajik)

НИШОНДИҲАНДАҲОИ ИДОРАКУНИИ МУҲОҶИРАТ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ПРОФИЛИ 2021
Available in:

Лоиҳаи Нишондиҳандаҳои Идоракунии Муҳоҷират (НИМ) хулосаи соҳаҳои хуб рушдёфтаи идоракунии муҳоҷират дар Тоҷикистон ва инчунин соҳаҳои дорои  рушди минбаъдаро, ки тавассути НИМ арзёбӣ шудааст, пешниҳод мекунад. НИМ маҷмӯи тақрибан 90 нишондиҳандаи стандартӣ буда, ба кишвар дар арзёбӣ намудани сиёсати муҳоҷират мусоидат менамояд ва гуфтушунидро дар хусуси он, ки муҳоҷирати хубидорашаванда дар амал чӣ гуна буда метавонад, идома медиҳад.

Ворид намудани ҳадафи 10.7 ба рӯзномаи ҲРУ барои давраи то соли 2030 зарурати муайян кардани «сиёсати муҳоҷирати ба нақша гирифташуда ва идорашавандаро ба вуҷуд овард. Ин аст, ки дар соли 2015 Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) Чаҳорчўбаи Идоракунии Муҳоҷират (ЧИМ)-ро таҳия намуд. Чаҳорчўбаи мазкур тасаввуроти мухтасари равиши идеалиро инъикос намуда ба давлатҳо имкон медиҳад то муайян созанд, ки барои самарабахш ва ба вазъи муносиб идора кардани муҳоҷират чӣ лозим аст.

Бо мақсади амалӣ намудани Чаҳорчўбаи Идоракунии Муҳоҷират, СБМ дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи иктишофии Иқтисодчӣ НИМро таҳия намуд.

Нишондиҳандаҳои Идоракунии Муҳоҷират ба кишварҳо дар муайян намудани таҷрибаи пешқадам ва соҳаҳое, ки дар оянда имконияти инкишоф ёфтан доранд, кӯмак мерасонад ва метавонад доир ба фишангҳои сиёсие, ки кишварҳо метавонанд барои рушди сохторҳои идоракунии муҳоҷират истифода баранд, маълумот диҳанд. Нишондиҳандаи мазкур сиёсати амалкунандаи муҳоҷиратро ҷамъбаст менамоянд ва дар таҳлили муқоисавӣ ҳамчун асос амал карда, маълумотро доир ба чораҳои сиёсие пешниҳод менамоянд, ки кишварҳо метавонанд ҳангоми самаранок идора намудани муҳоҷират, баррасӣ намоянд.

This Migration Governance Indicators (MGI) profile presents a summary of well-developed areas of migration governance in Tajikistan as well as areas with potential for further development, as assessed through the MGI. The MGI is a standard set of approximately 90 indicators to assist countries in assessing their migration policies and advance the conversation on what well-governed migration might look like in practice.

The incorporation of Sustainable Development Goal Target 10.7 into the 2030 Agenda for Sustainable Development created the need to define “planned and well-managed migration policies”. In 2015, the International Organization for Migration (IOM) developed the Migration Governance Framework (MiGOF). The Framework offers a concise view of an ideal approach that allows a State to determine what it might need to govern migration well and in a way that suits its circumstances. 

In an effort to operationalize the MiGOF, IOM worked with The Economist Intelligence Unit to develop the MGI.

The MGI helps countries identify good practices as well as areas with potential for further development and can offer insights into the policy levers that countries can use to develop their migration governance structures. The MGI takes stock of migration-related policies in place and operates as a benchmarking framework that offers insights into policy measures that countries might want to consider as they progress towards good migration governance.